Press "Enter" to skip to content

Китоби Таърихи Дин барои синфи 7 (PDF) Электронӣ

Оставь свой отзыв
Отзыв должен содержать ваше мнение о сериале в понятной и читаемой форме на русском языке. Комментарии, содержащие спойлеры, мат и оскорбления, не публикуются.

Морские котики 1-6 сезон смотреть онлайн

Они – элита Военно-морских сил США. Им поручают самые опасные миссии: поисково-спасательные, диверсионные операции и даже спасение заложников. Эти парни – морские котики, спецназовцы – принимали участие в захвате террориста номер один, именно им мир обязан обнаружением Саддама Хуссейна.

  • Название: SEAL Team
  • Альтернативное название: Спецназ
  • Год: 2017
  • Страна: США
  • Режиссер: Кристофер Чулак, Рубен Гарсиа, Джеймс М. Муро
  • Актёры: Дэвид Бореаназ, Макс Тириот, Нил Браун мл., А.Дж. Бакли, Тони Тракс, Тайлер Грэй, Justin Melnick, Джудд Лорманд, Джессика Паре, Dita The Hair Missile Dog
  • Жанр: боевик, военный, драма

498 голосов

Морские котики, смотреть онлайн в хорошем качестве бесплатно

Смотреть онлайн

Оставь свой отзыв
Отзыв должен содержать ваше мнение о сериале в понятной и читаемой форме на русском языке. Комментарии, содержащие спойлеры, мат и оскорбления, не публикуются.

Китоби Таърихи Дин барои синфи 7 (PDF) Электронӣ

Китоб манбаи дониш ва маърифат аст, онро эҳтиёт кунед. Кўшиш ба харҷ диҳед, ки соли хониши оянда ҳам ин китоб бо намуди хубе дастраси додару хоҳаронатон гардад ва мавриди истифода қарор гирад.

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ФАННИ «ТАЪРИХИ ДИН»

Таърихи дин таърихи пайдоиши динҳо, тағйирёбию дигаршавии_онҳо. хусусият ва гуногунрангии динҳои мухталифро меомўзад.

Он динҳоро на аз рўи мавқеъ ва таъсирашон, балки аз руи мутобиқи давраҳо, пай дар пай мутобиқ, ба таърихи пайдоишашон таҳқиқ, менамояд ва қонуниятҳои гузариш аз як шакл ба шакли дигар, пайдоишу аз байнравии динҳоро нишон медиҳад. Тадқиқи ин таъсироту равандҳо дар робита бо тағйиротҳои иҷтимоию фарҳангӣ омўхта мешавад.

Масалан, вақте сухан дар бораи гузариш аз як шакли дин, масалан, серхудоӣ ба яккахудоӣ меравад, дар алоқамандӣ бо масъалаи гузариши иҷтимоъ аз як зинаи тараққиёт ба дигараш сурат мегирад. Вобаста ба тағйироти иҷтимоӣ фарҳангу илм ва шуури иҷтимоӣ низ гуногун мебошанд. Ҳамин тавр мавзўи “Таърихи дин” ҷудо аз таърихи башар нест, балки сарвату боигарии хоси давраи муайяни таърихиро дар робита бо дигар унсурҳои маданияти маънавӣ мавриди тадқиқ қарор медиҳад.

Инкишофи дин ҷудо аз инкишофи дигар шаклҳои шуури ҷамъияти сурат намегирад, балки тағйироте, ки дар дин ба вуқўь мепайвандад, дар дигар шаклҳои шуури ҷамъияти зоҳир мешавад, дар баъзе маврид хусусияти шуури иҷтимоиро муайян мекунад ва баръакс хусусияти шуури иҷтимоӣ ба дин низ таъсир мерасонад.

Пас, фанни “Таърихи дин” пайдоиш ва тағйиру таҳаввули динҳоро бо тамоми дигаргуншаклӣ ва хусусиятҳои пай дар пай, давра ба давра ба таври хронологӣ омўхта, бо илми таърих робитаи амиқ дорад ва ҷузъи он ҳисоб мешавад. Онро аз илми таърихи ҷомеа ҷудо тасаввур кардан нашояд. Гирифтани китоб (Скачать)

Азбаски “Таърихи дин” ба омўзиши таърихи соҳаи махсуси ҳаёти маънавӣ ва шуури иҷтимоӣ машғул аст, ин фан ба илмҳое, ки шуури иҷтимоӣ ва хусусиятҳои онро меомўзанд, алоқаманд аст, аз ҷумла бо фалсафа, психология, адабиёт ва ғ. Дину фалсафа шаклҳои таърихии ҷаҳонбинӣ буда, хусусияти умумӣ доранд. Фалсафа таносуби ҳастӣ ва шуурро, қонуниятҳои куллии инкишофи оламро фаро гирифта, ба тадқиқи шуури динӣ низ машғул мешавад. Аз ин ҷо илмҳои махсуси омўзиши фалсафии дин ба вуҷуд омадаанд. Ҳамчунин дар шуури динӣ эҳсосот, парастиш, маросимҳо мавқеи муҳим доранд, ки онҳо ба рўҳияи мардум таъсири муайяне мегузоранд. Бинобар он фанни ” Таърихи дин” бо илми дигаре, ки ҳолатҳои рўҳии инсон ва ҷомеаро меомўзад, яьне психология, робитаи қавӣ дорад.

Азбаски дар муддати дуру дарози таърихӣ, – дин шакли шуури ҷамъиятие буд, ки тамоми соҳаҳои дигари шуури ҷамъиятиро фаро гирифта, оиҳоро муайян мекард, инъикоси бадеии олам дар дин мавқеи муҳиме дошт на бисёр асарҳои бадеӣ маҳз аз мавзўъҳои динӣ сарчашма гирифтнанд, бинобар ин фанни “Таърихи дин” ба таърихи адабиёт, ки эҷодиёти бадеиро меомўзад, алоқаманд гардидааст.

Мақсади асосии фанни “Таърихи дин” шинос кардани хонандагон ба таърихи пайдоишу таҳаввули динҳо, таълими қонуниятҳо, инкишоф ва нуқтаҳои умумӣ ва асосии таълимоти онҳо мебошад.

admin

  • Facebook
  • Google +