Press "Enter" to skip to content

Китоби Биология ва Ботаника

Гигиена – аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш “беҳдошти саломатии организм” мебошад. Ба вазифаи ин фан пеш аз ҳама омўзиши шароити ҳаёт, меҳнат, истироҳати одамон барои нигоҳ доштан, мустаҳкам намудани саломатӣ, ҳифз намудан аз бемориҳои гуногун дохил мешавад.

Biologiya litsey kitobi skachat

В вашей корзине: 0 тов.
оформить | очистить

Отдел сбыта: +7 (8453) 76-35-48
+7(960) 349-81-76

Не определен

  • Английский язык
  • Биология
  • Всероссийская проверочная работа
  • География
  • Искусство
  • История. Обществознание
  • Математика
  • Начальная школа
  • ОБЖ
  • Подготовка к ЕГЭ и ОГЭ
  • Русский язык. Литература
  • Физика
  • Химия

Гекалюк М.С.

Цена: 78 р.

Гекалюк М.С.

Цена: 78 р.

Гекалюк М.С.

Цена: 78 р.

Гекалюк М.С.

Цена: 78 р.

Гекалюк М.С.

Цена: 196 р.

отсутствует

Гекалюк М.С.

Цена: 196 р.

Отдел сбыта: +7 (8453) 76-35-48
+7(960) 349-81-76
как проехать

Поделиться страницей:

Copyright © Издательство «Лицей»
Все материалы, опубликованные на сайте в любом виде, являются объектами авторского и имущественного права.
Никакие материалы этого сайта не являются публичной офертой.

Разработка сайта
Дизайн-студия Cherry

Китоби Биология ва Ботаника

Китоби дарсии Биология барои синфи 9, 10 ва 11 барои ҳамаи хонандагон маълум аст, ки аз чопи китоби якум Биология «Инсон ва сиҳатии ў» зиёда аз 7-сол сипарӣ гаштааст. Дар ин муддат дар фанҳои анатомия, физиология ва гигиена тағйиротҳои гуногун ба амал омадаанд. Аз ин лиҳоз зарур донистем, ки ба хонандагони гиромӣ ин навигариҳоро дар китоби мазкур ҷой диҳем.

Китоб аз рўи барномаи таълимӣ барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ки Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, навишта шудааст. Муаллифи ин китоб аз кулли устодони мактабҳои
ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ирсол намудани фикру ақидаҳои худ оид ба китоби чопшудаи соли 2001 сипосгузор аст ва дар навбати худ ба қадри имкон ҳамаи камбудиҳои пешниҳодшударо дар китоби нав ислоҳ намудааст.

Аз сабаби он, ки дар бисёр пешниҳодҳо устодон хостаанд, ки китоби мазкур «Анатомия ва физиологияи одам» номгузорӣ шавад ва мо ба ин розигии худро баён менамоем ва минбаъд китоби нав бо номи «Анатомия ва физиологияи одам» нашр карда мешавад.

Тансиҳатӣ бахту саодати ҳар як фард буда, шарти асосии ривоҷ додани самаранокии меҳнати шахс, пуриқтидор намудани иқтисодиёти мамлакат ва фаровонии халқ мебошад. Аксари одамон намедонанд, ки организмашон чигуна захираҳои зиёди ҷисмонию рўҳӣ дорад, онҳо дарк карда наметавонанд, ки ин захираҳоро чи хел истифода баранд ва инкишоф диҳанд. Одамон барои нигоҳ доштани саломатии худ пеш аз ҳама сохти организми худ, фаъолияти муқарарии узвҳо, қонуниятҳои инкишоф, тараққиёт ва афзоиши онро донистанашон зарур аст. Инчунин барои нигоҳ доштан ва такмил додани хусусиятҳои биологӣ, ки ба монанди дигар мавҷудот, ба инсон низ мансуб аст, донистан ва ташкили шароитҳои зарурӣ талаб карда мешавад. Барои донистани онҳо фанҳои анатомия, физиология ва гигиена ёрӣ мерасонанд:
Анатомия – аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш “ҷарроҳӣ мекунам ва меомўзам” мебошад. Илмест, ки сохти организми одамро меомўзад.

Физиология – аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш “табиат” аст. Илмест, ки функсияи ҳамаи узвҳои баданро дар пуррагӣ ва алоҳидагӣ меомўзад.
Анатомия ва физиология байни якдигар алоқаи хело ҳам зич доранд. Надонистани сохтори ин ё он узв, хусусияти кори вай сабабҳои пайдошавии бемориҳои гуногун ва фароҳам наовардани шароити муътадили кории онҳо мегардад.

Гигиена – аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш “беҳдошти саломатии организм” мебошад. Ба вазифаи ин фан пеш аз ҳама омўзиши шароити ҳаёт, меҳнат, истироҳати одамон барои нигоҳ доштан, мустаҳкам намудани саломатӣ, ҳифз намудан аз бемориҳои гуногун дохил мешавад.

Дар тараққиёти ин се фан бисёр олимони бузург саҳми худро гузоштаанд. Аввалин шахсе, ки оид ба сохти бадани одам маълумоти сершумор додааст, олим ва духтури Юнони қадим Ҳиппократ (460-377) мебошад. Ў яке аз аввалинҳо шуда мафҳумҳоро дар бораи сохти бадани инсон ҷамъ овардааст.

Баъдан табиб, файласуфи машҳури тоҷик Абўалӣ ибни Сино ақидаҳои Ҳиппократро ҳаматарафа ривоҷу равнақ дода, маълумоти сершумореро дар бораи бемориҳои гуногун пешниҳод кардааст. Ў дар китоби машҳури худ “Ал-қонун” (Қонуни тиб), ки аз панҷ ҷилд иборат аст, дар бораи фанҳои дар боло номбаршуда ҳаматарафа маълумот додааст. Китоби Абўалӣ ибни Сино зиёда аз 600 сол инҷониб дар тамоми ҷаҳон барои шифокорон дастурамали асосӣ буда, то ҳол онро истифода мебаранд. Мувофиқи фармудаи Сино об ва ҳавои
ифлос боиси пайдоиши бемориҳои гуногун мегардад.

Дар тараққиёти фанҳои анатомия ва физиология инчунин саҳми олимони рус Н.И. Пирогов, И.М. Сеченов, С.П. Боткин, Н.И. Павлов, В.М. Бехтерев, А.А. Орбели назаррас аст. Онҳо аввалин шуда назарияи «нервизм»-ро кашф карданд ва нишон доданд, ки барои ба ҳаяҷон омадан ва фаъол намудани кори организм системаи асаб роли калон мебозад ва манбаи асосии ҷавоби организм ба ангезандаҳои беруна ва дохила мебошад.
Системаи асаб кори ҳамаи система ва узвҳоро танзим намуда, мутобиқати организмро ба шароити мавҷуда таъмин менамояд.

Саломатӣ – воҳиди ягонаи ҳолатҳои биологӣ, рўҳӣ ва ҷисмонии организми одам буда, нисбати фаъолияти меҳнатии ҳар як шахс дар мувозинат мебошад. Дар замони ҳозира барои ташхиси беморон асбобҳои ҳозиразамон мавҷуданд. Солҳои охир аз нав хурўҷ кардани бемориҳои сирояткунанда дар ҷумҳурии мо мушоҳида карда шуд, ки дар натиҷаи он одамони зиёде фавтиданд.

Ба мушкилоти иқтисодию сиёсӣ нигоҳ накарда, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои пешгирӣ ва тамоман аз байн бурдани ин бемориҳо кўшиши зиёдеро ба харҷ дод. Дар муддати кўтоҳ дар ҷумҳурии мо теъдоди одамоне, ки ба ин бемориҳо гирифтор шуданд, ҳеле зиёд шуд. Давлати мо ғамхории худро махсусан барои пиронсолон ва кўдакон дареғ намедорад. Ин имконият медиҳад, ки насли ояндаи миллати мо солим ба воя расад. Аммо нишондодҳои соли охир муайян кард, ки дар ҷумҳурии мо нашъамандӣ афзуда истодааст, ки он ва ба насли ояндаи мо зарари калон мерасонад. Ҳамаи мо бояд дар пешгирӣ ва аз байн бурдани ин беморӣ ба давлати худ кўмак намоем.

Ҳамин тавр, ҳар як одами бо сохт ва вазифаҳои организми худ шинос буда, метавонад қоидаҳои беҳдошти организми худро риоя кунад. Қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятиро дар амал истифода бурда, шумо метавонед организми худро пурқувват намоед, обутоб диҳед, худро аз ҳар гуна бемориҳо эмин доред, ҷисман инкишоф ёбед, одами бардаму солим ва қобилу ҳамакор бошед ва ба ватани азизи худ хизмат кунед.

  1. Гирифтани китоби Биология барои синфи 9 дар формати электрони — PDF (скачат) 3,3 MB >>>>>
  2. Гирифтани китоби Биология барои синфи 10 дар формати электрони — PDF (скачат) 3,3 MB >>>