Press "Enter" to skip to content

Новые песни 2023

Муҳаммад /руъёи содиқа/ меноманд, барпо мешаванд. Дар давраи ҳаёти Муҳаммад /с/ Қуръони карим дар шакли китобе тартиб дода нашуда буд. Ҳамаи масъалаҳоро Муҳаммад /с/ аз рўи мақоми худ ҳамчун пайғамбар ҳаллу фасл менамуд.

ҚУРЪОН – КИТОБИ МУҚАДДАСИ МУСУЛМОНОН

Ҳар як дин дорои қоидаҳо ва таълимоти махсусс мебошад, ки дар китоби муқаддаси он дин дарҷ гардидааст. Масалан, китоби муқаддаси зардуштиён – Авасто, яҳудиён-Таврот ва масеҳиён Инҷил мебошад. Китоби муқаддаси мусулмонони тамоми ҷаҳон Қурьони маҷид мебошад. Ин китоб мавриди эътиқоду эҳтироми бепоёпи мусулмонони тамоми ҷаҳон аст. Дар хона аз рўӣ эътиқод Қуръои бояд дар ҷои тоза ва баланд нигоҳ дошта шавад ва пеш аз ба даст гирифтани китоби муқаддас бояд одоби махсуси он риоя гардад. Қуръони карим дар нимаи аввали асри VII нозил шудааст.

Қуръони карим китобест дорои калкаломи олоҳӣ. Он, мутобиқи ривоятҳо ваҳйи ба Муҳаммад салаллоҳу алайҳи васаллам /а/ расидаро фаро гирифтааст. Он «ваҳйи аз Аллоҳ таъоло ба воситаи Ҷабраил (а) ба Муҳаммад /с/ расидааст.

Ҳолатҳое, ки сураҳо ба Муҳаммад /с/ ваҳй мешуданд, мувофиқи ривоятҳо гуногун мебошанд; аввалан, бевосита дар бемори дар вохўри бо Ҷабраил, сониян, ба воситаи шунидани овозе аз ғайб, солисан, дар хоб.

Муаллифони исломӣ ба тарзҳои мухталиф ваҳйи Муҳаммад /с/ гирифтаро шарҳу тафсир медиҳанд. Яке ваҳйро хоси ҳолати рўҳӣ, дигаре онро барои анбиё дар ҳама маврид ҷоиз ва олитарин зинаи маърифат медонанд, Доир ба ин масъала дар байни равияҳои гуногуни мазҳабӣ, фалсафи шарҳу баёнҳои мухталиф вуҷуд доранд. Аз ҷумла ашъария, мўътазилия, мотуридия, суннӣ, шиа, исмоилия, мактабҳои фиҳҳӣ: ҳанафия, ҳанбалия, моликия, шофиия ва ғайра фикрҳои мухталиф баён кардаанд. Пайдоиши китоби “муқаддас”, абадияту ҳодисияти /офариниши/ баҳсҳои бештару доманадортареро ба вуҷуд овардааст.

Дар асрҳои миёна баҳс пиромуни азалият /қадим будан/ ва махлуқияти /ҳодис будани/ Қуръон хеле вусъат пайдо намуд. Он ҳатто аз доираи баҳси ғоявӣ берун рафта, дар баъзе маврид задухўрдҳои сиёсӣ, низову кашмакашҳои мазҳабиро дар байни ҷараёну фирқаҳои гуногун ба вуҷуд овард. Дар натиҷа ҳар кадоме аз онҳо, вақте ки қудрати сиёсӣ ба даст меоварданд, мухолифони худро ба куфру бидъат гунаҳкор сохта, ақидаи худро ба онҳо таҳмил мекарданд ва ҳатто ҷисман маҳв менамуданд. Масалан, дар давраи зиёд шудани нуфузи мўътазила дар замони ҳукмронии халифа Маъмун /асри IX/ тарафдорони ақидаи қадимият ба азобу шиканҷа гирифтор шуданд. Мўътазилиён, як навъ маҳкамаеро бо номи «меҳна» (меҳнат) барои таъзиби (азоб додан, яке аз шаклҳои инквизитсия) мухолифонашон ба вуҷуд оварда буданд ва баръакс, баъди зиёд шудани нуфузи ашъария, мўътазилиҳо мавриди таъқиб қарор гирифтанд. Мўътазилиҳо Қуръонро ҳодис шумурда, онро офаридаи худо медонистанд, вале ашъария ва тамоми аҳли калом қадиму азалӣ будани Қуръони каримро таъкид мекарданд.

Ба таҳқиқи таърихи пайдоиши Қуръон ва шарҳи илмии он дар Шарқу Ғарб муҳаққиқони зиёде даст задаанд. Хусусан ховаршиносони Ғарб ба таҳлили филологию таърихии манбаъ зиёд машғул гаштаанд.

Таҳқиқи масоили исломӣ ва манбаи асосии он – Қуръони карим аз асрҳои миёна Сар карда, хеле вусъат пайдо мекунад ва хусусан дар давраи Эҳё асаре, ки дар асри XVII дар Европа шўҳрату нуфузе дошт, асари муаррихи англис Вилям Мюр «Хилофат – пайдоиш, таназзул ва инқироз» буд. Асари дигари ҳамин муаллиф доир ба тарҷумаи ҳоли Муҳаммад /с/ хеле нуфузи зиёде дар доираҳои илмӣ пайдо кард. Дар омўзиши филологию таърихии Қуръон ҳиссаи зиёди Август Мюллер,

Нелдеке, Кремер, Голдсиер, Генрих Ламменс, Д. Эрбело, Каэтани, Бро-келман, Массэ, Метс ва ғайра гузоштанд. Адади ин муҳаққиқон хеле зиёд аст. Асарҳои онҳо ҷиҳатҳои гуногуни таълимоти Қуръонро таҳлил кардааст.

Қуръон кайҳо боз ба аксари забонҳои кишварҳои аврупоӣ тарҷума ва нашр шудааст. Аввалин тарҷумаи пурраи Қуръон дар Европа дар асри XII аз тарафи Венерабле ба лотинӣ анҷом гирифтааст.

Аз тарҷумаҳои беҳтарини дар асри мо анҷом гирифта, тарҷумаҳои англисии Ричард Велл /1937-1954/, Артур Арберри /1953-1955/, франсавии Рижи Блашер /1959/ ва ғайраро номбар кардан мумкин аст.

Аз шарқшиноси рус, ки ба тадқиқу тарҷумаи Қуръон машғул шудаанд, Г.Саблуков, В.В.Бартолд, Ю.А.Крачковский «а ғайра мебошанд. Бисёр муҳаққиқони рус дар мавриди тадқиқи ислом доир ба таърихи пайдоиши Қуръон фикрҳои муфид баён кардаанд. Асарҳои пурқимати шарқшиносони маъруфи рус П.Светков, С’.Глаголов, Кримский А.Ч. ва ғайра дар омўхтану тадқиқи Қуръон кўмак мекунанд.

Аз муаррихони асримиёнагии Шарқи наздику Миёна Ибни Надим, Табарӣ, Ибни Масъуд, Ибн ал-Асир, Ибн ал – Қифтӣ, Ибни Хурдедбеҳ, Ибни Ибни Халликон, Мискавайҳ ва ғайра доир ба Қуръон рисолаҳои махсус таълиф намудаанд. Адади уламо, пешвоёну идеологҳои мазҳабу ҷамоатҳои динӣ, ки имрўз дар кишварҳои Шарқи хориҷӣ дар бораи Қуръон тадқиқот мебаранд ва асарҳо эҷод мекунанд, хеле зиёд аст. Фақат ҳаминро зикр карданием, ки алҳол аз марказҳои тадқиқотию

ташкилотҳои исломӣ, Ташкилотҳои конференсияи исломи, Конгресси исломӣ, Ҷомеаи исломии Покистон, университети Ал-Азҳар, ҳавзаи илмии Қум, Лигаи ҷаҳони ислом ба таҳқиқи Қуръон ва мақоми он дар ҳаёти маънавии халқҳои Шарқи Наздику Миёна машғуланд. Аҳамияти зиёдеро барои фаҳмидани мазмуни Қуръон тафсирҳо бозӣ мекунанд. Аз муҳимтарин ва барҷастатарин тафсирҳое, ки дар байни мусулмономи Осиёи Миёна, Афғонистон, қисман Эрон шўҳрат доранд, тафсирҳои Табарӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Тирмизӣ, Ҳусайни Воизи Кошифӣ, Байзовӣ, Ҷалолайн ҳастанд. Ин тафсирҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд, тафсирҳое, ки ба забони арабӣ ва тафсирҳое, ки ба форсӣ таълиф шудаанд.

Илова бар ин дар байни пайравони баъзе фирқаю гурўҳҳои мазҳабӣ, аз ҷумла исмоилия ва сўфия таъвили Қуръон маъруф аст, ки он ҳам як навъи тафсир аст. Ба таҳлилу тарҷумаи Қуръон имрўз ҳам бисёр муҳақиқон, даст мезананд. Хусусан дар олами Шарқ, дар ду даҳсолаи охир миқдори чунин тадқиқотҳо дучанд гаштаанд. Аксари онҳо ба равшан сохтани қимати фарҳангӣ, илмӣ ва динии, Қуръон равона шудаанд.

Аз таърих маълум аст, ки пайғамбарии Муҳаммад (с) дар чиҳилсолагии он пшапш он Ҳазрат шурўъ шуда буд. Ривоятҳои муаррихони исломӣ оғозӣ чунин фаъолиятро ба илҳоми илоҳӣ, ки ба Муҳаммад фуруд омада буд ва ваҳйе, ки Ҷабраил /а/ ба Мухаммад /с/ дар ғори Ҳиро ва сипас дар манзилаш расонида буд, алоқаманд медонанд.

Дар ривоятҳо оварда шудаанд, ки Муҳаммад дар ғор аз мардум дурӣ ҷуставу гўшанишинӣ мекард ва боре ба тарс аз хоб бедор меша-над, ки ин тарс аз ҳайбати Ҷабраил /а/ будааст. Ин ҳодисаро ба занаш Хадича нақл мекунад сипас чунин ҳодиса борҳо такрор мешавад ва ниҳоят мулоқоти Ҷабраил /а/ бо Муҳаммад /с/ барпо мегардад. Пайвас- бо дидану шунидани Ҷабраил /а./ аз ваҳй огоҳӣ меёбад. Ин му-лоқотҳо гоҳ дар бедорӣ ва дар хоб, ки онро муаллифони исломи руъёи

Муҳаммад /руъёи содиқа/ меноманд, барпо мешаванд. Дар давраи ҳаёти Муҳаммад /с/ Қуръони карим дар шакли китобе тартиб дода нашуда буд. Ҳамаи масъалаҳоро Муҳаммад /с/ аз рўи мақоми худ ҳамчун пайғамбар ҳаллу фасл менамуд.

Баъд аз вафоти паёмбар Муҳаммад (САВ) /дар соли 632/ зарурати чунин кор ба вуҷуд омад. Оятҳои Қуръонро, ки аз тарафи Муҳаммад /с/ ба забон оварда шуда буданд, дар вақташ котибон сабт карда буданд. Худи Муҳаммад /с/ чизеро бо дасти худ нанавиштааст.

Аз ин ҷо масъалаи савод доштан ва надоштани Муҳаммад /с/ низ мавриди баҳси баъзе аз уламо гардидааст. Дар ҳар сурат ҳазрати Муҳаммад /с/ ба гуфти муҳаққиқони исломи ва Куръони карим уммӣ, яъне бесавод буд.

Аввалин тартиби аз худ кардани Қуръон шунидани сураҳо ва оятҳо аз забони ҳазрати Муҳаммад /с/ буд. Худи ў ба ёрону наздиконаш оятҳоро мегуфт, онҳоро шифоҳан таълим медод ва чандин нафар аз онҳо дар ин кор, яъне азбар кардани сураю оятҳои Қуръон, шўҳрати фаровоне доштанд.

Масалан, дар Макка Мусъаб ибни Умар ва Ибн Умми Мактум. Ёрону тарафдорони ҳазрати Муҳаммад /с/ ба гушаю канорҳои кишвари Араб рафта он чиро, ки аз Муҳаммад /с/ шунида, азёд карда буданд, ба дигарон таълим медоданд.

Дар давраи зиндагонии Муҳаммад /с/ кўшиш карда шуд, ки сураю оятҳо китобат шаванд ва дар назди котибону ёрони пайғамбар нигаҳдорӣ гарданд. Дар ин бора сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти муфассал додаанд.

Аз ҷумла “Тафсири Табарӣ”, «Ал ҷомеъу – с – саҳеҳ» – и ал – Бухорӣ, “Ал – фатху – л – Борӣ” -и Ибни Ал – Ҳаҷр ва ғайра. Аз рўи ин сарчашмаҳо шахсони китобаткунандаи Қуръон ҳафт нафар буданд ва номҳои онҳо низ зикр шудаанд. Инчунин ёрони пайғамбар ҳам як қисми Қуръонро навишта бо худ нигаҳ медоштапд, ҳарчанд дар навиштаҳои онҳо тартибу пайдарҳамии сураю оятҳо риоя карда намешуд, зеро навиштаҳои онҳо мутобиқи он чӣ буд, ки онҳо азёд карда буданд ва дар вақти мусоид онро мутобиқи он ки дар хотир доштанд, китобат мекарданд. Ҷамъан 43 нафар ба тартиб додани Қуръон ҷалб шуда буданд.

  1. Оятҳо ва сураҳо дар рўи чиз навишта шуда буданд: чўб, санг, пўст ва ғайра.

Баъди вафоти Муҳаммад /с/ аз давраи Абўбакри Сиддиқ /р/ сар карда, ҷамъоварии Қуръон оғоз меёбад.

Дар давраи Абўбакр бо пешниҳодии Умар ба тадвини Қуръон дар як китоб шурўъ карда шуд. Иҷрои ин кор ба Зайб супорида шуд. Ў сураю оятҳоро аз навиштаҳои гуногун ҷамъ карда ба як Мусҳаф гирд овард.

  1. Мусҳафи мазкур дар дасти Абўбакр, сипас, Умар ва духтараш Ҳафса нигоҳ дошта мешуд.

Усули кори Ибни Собит чунин буд, ки агар ду нафар шоҳид намешуданд, ки ин ва ё он оят дар ҳузури Муҳаммад /с/ навишта гирифта шудааст, ў онро намепазируфт. Аввалин нусхаи китоби Қуръон то замони Усмон /р/ омада шуда буд ва пас Усмон /р/ онро аз Ҳафсадухтари Умар/р/ зани пайғамбар дархост карда, фармуд, ки аз он нусхабардорӣ намоянд ва он нусхаро дубора ба Ҳафса баргардонд. Дар давраи Усмон /р/ ҳудуди хилофат хеле васеъ гашт.Ба хилофат мардуми дорои маданият, забон, урфу одатҳои мухталиф ҳамроҳ шуданд, ки аз асли Қуръони карим бехабар буданд.

Зарурати вуҷуди Мусҳафи ягона ва равиши ягона ба миён омада буд. Бинобар он бо супориши Усмон /р/ гурўҳе ташкил ёфт ва Мусҳафи қаблан омада кардаи Зайд ибни Собит дар ихтиёри онҳо гузошта шуд, то аз он рўнависӣ кунанд.

Саъд ибни Убайд,ки овозу қироаташ ба Муҳаммад /с/ монанд буд, оётеро мехонд ва Зайд ибни Собит менавишт. Ҳамин тавр, матни нусхаи охирини Қуръон омода карда шуд, ки онро Қуръони «Усмонӣ» гуфтанд.

Вақте ки бори аввал сураҳо ва оятҳо дар давраи Абўбакр /р/ ба як ҷилд ҷамъоварӣ шуд, аввалин Мусҳаф ба маънии саҳифаҳои як муқова ба вуҷуд омад. Мутобиқи маълумоти сарчашмаҳои динӣ, хусусан тафсирҳо зиёда аз 90 номи Қуръон вуҷуд дорад, ки дар асл аксари онҳо аз рўи сифати ин китоб гузошта шудаанд. Калимаи «Қуръон» қаблан ба маънии хондан ва ҳам китоб дар арабҳои ҷоҳил вуҷуд дошт ва дар худи Қуръон, аз ин калима 58 бор ёд шудааст. Аз ҷумла ба маънии пайравӣ кардан, дунбола кардан, хондан, ҳаммонанд ва ғайр. Аз рўи ривоятҳо Қуръон дар моҳи рамазон ба Муҳаммад /с/ нозил шудааст.

Баъди ба вуҷуд омадани нусхаи усмонӣ бо фармони Усмон /р/ саҳифаҳо, пўстҳо, нусхаҳои дигари ояту сураҳо сўзонда шудаанд, то ки дар байни мусулмонон дар ин мавзўъ ихтилофоте ба вуҷуд наоянд. Аз рўи нусхаи нави омодашуда, нусхаҳои дигари китобат гардиданд ва ба гўшаю канорҳои мамлакати исломӣ фиристода шуданд. Қуръон ба хати маъмули арабҳо, бо усули усмонӣ навишта шуда буд, яъне услуби усмонӣ дар он зоҳир мегардид, ки калимаҳои на ҳамеша тавре навишта шудаанд, ки талаффуз мешуданд, Қироати Қуръон низ ба тарзи махсус Буда, танвинҳо ҳамеша талаффуз намешуданд. Усмон /р/ худ намунаи тиловати Қуръонро нишон додааст ва ҳангоми яке аз ин тиловатҳо кушта шуда, хунаш рўи Мусҳаф рехтааст. Он нусха аз муқаддастарин ва боэтибортарин нусхаҳо мебошад.

Қироати Қуръон ҳамеша аз масъалаҳои муҳими таълими ислом буд, зеро ба ислом халқдо ва мардумоне рў оварданд, ки аз забони арабӣ бехабар буданд ва хондани китоби муқаддас ба забони ба онҳо ноошно душвориҳои зиёде пеш меовард.

Илова бар он Қуръони карим дар аввал ба хате навишта шуда буд, ки на нуқта дошт, на ҳаракатҳо (фатҳа, касра, замма ва танвин) ва ин душвориро дар мавриди хондани матн бештар месохт. Бинобар он эъроб /яъне ҳаракат ва нуқтаҳо/ бори аввал дар давраи халифаи дуввум ҳазрати Умар гузошта шуд ва сипас пайваста ин кор то асри IХ-Х рушду такмил ёфт.

Дар айни замон дар тамоми раванди такмили эъробгузорӣ ва осон сохтани қироати Қуръон мухолифони он низ бисёр буданд ва нусхаҳое дар асрҳои Х-ХII дучор меоянд, ки нуктагузорӣ ва ҳаракатгузорӣ нашудаанд.

Гузоштани унвон ва тақсими Қуръони карим ба ҷузъҳо баъдтар, дар асрҳои VШ-IХ, анҷом гирифтааст. Ҳоло Қуръони каримро ба cӣ ҷузъ тақсим мекунанд ва вақте ки “ҷузъи Қуръон” мегўянд, як сиюми онро дар назар доранд. Дар байни мусулмонони Осиёи Миёна, Афғонистон, Ҳиндустон ва дигар минтақаҳо ҳафтяки Қуръон дар шакли китоби алоҳида таълим дода мешавад. Қуръон аз 114 сура ва 6236 оят иборат аст. Аз рўи ривоятҳои мактабҳои васра, Макка, Мадина дар сарчашмаҳо адади оятҳоро гуногун нишон додаанд: 6204, 6226, 6232 ва дар чопҳои ҳозираи Қуръон, ки ҳама дар асоси чопи нави Миср анҷом ёфтааст, 6236 оят ҳаст.

  1. Сураҳоро аз рўи макон ва замони нузулашон ба ду гурўҳи асосӣ тақсим мекунанд: сураҳои дар ш. Макка нозилшуда ва сураҳои дар ш. Мадина нозилшуда. Сураҳо аслан бобҳои ин китоб мебошанд ва аз ҷиҳати мазмуну шакл бо ҳам робитаи қавӣ надоранд. Номи сураҳо низ ба мазмуни онҳо чандон иртибот надорад.

Маънои луғавии калимаи “сура” мақоми баланд, шараф, ҷоҳ, манзалат аст. Ҳар як сура дар Қуръон номи худро дошта бошад ҳам, дар китобҳои дигари динӣ, тафсирҳо ба онҳо мутобиқи мавқеашон номҳои мухталифи дигар ҳам гузоштаанд. Масалан, сураи “Фотеҳа”, ки бо он Қуръони карим оғоз мешавад, инчунин бо номҳои “Умму – л -Қуръон”, “Умму – л – китоб”, “Ҳамд”, “Сабъу – л – масонӣ”, “Асос”, “Таҳарруз”, “Ҳамди аввал”, “Салот”, “Ибодат”, “Тафвиз”, “Муноҷот”, “Вофия”, “Ҳидоят” ва ғайра зикр гаштааст. Ҳамин тавр дигар сураҳо ҳам дар тафсирҳо номҳои гуногун доранд.

Аз рўи миқдори оятҳо низ сураҳо хеле аз ҳам фарқ доранд. Кўтоҳтарин сура, сураи “Кавсар” се оят ва калонтарин сура “Бакар” 286 оят дорад. Аз рўи ҳаҷму мавқеъашон сураҳо ба чор гурўҳ тақсимбандӣ шудаанд: ас – сабъу – т- тивол /ҳафт сураи дароз/, ал – миъун /сураҳои сад оят дошта/, ал – масонӣ /ду даста ё гурўҳ шуда, яъне пас аз он ду гурўҳ қарор мегиранд/, ояту – р – раҳмат ва ояту – л – азоб/, ал – муфас-сал фасл туда, ҷудо /сураҳои кўтоҳе, ки дар охири Қуръонанд/. Илова бар ин сураҳо аз рўи калимаҳою ибораҳои аввалинашон низ гурўҳоро ташкил додаанд. Масалан, сураҳое, ки бо “қул” / “бигў/ оғоз меёбанд.

Оятҳое, ки дар як сура ҳастанд, мазмунан бо ҳам метавонанд иртибот надошта бошанд. “Оят” дар луғат маъниҳои зиёде дорад. Аз ҷумлаи маъниҳои он инҳо мебошанд: мўъҷиза, нишонӣ ва аломат, ибрат, шигифт, далел, достону қисса ва ғайра. 1. Оятҳо метавонанд аз як калима иборат бошанд ва метавонанд, ки ҷумла ва бештар аз он бошанд. Аввалин оят садри сураи “ал – Алақ” /”Хуни баста”/ – ро гуфтанаад, ҳарчанд ки дар хусуси аввалин оят низ фикрҳои гуногун вуҷуд доранд. Дар бораи охирин оят хам баҳсҳо аст.

Оятҳо аз рўи сабабҳои нузул нишон медиҳанд, ки Муҳаммад ба тадриҷ ҳукмҳоро дар ин ва ё он масъала гирифтааст, масалан дар бораи ҳаром будани май. Маълум аст, ки ояти 219 сураи «Бақара» ҳоло майро тамоман ҳаром нагуфтааст. 1. туро аз май ва қимор мепурсанд, бигўй дар ин ду гуноҳи бузург аст ва мардумонро дар он манфиатҳо. Аммо гуноҳ аз манфиати онҳо бузургтар /бештар/ аст. 2. Дар оятҳои баъдина масъала ба тарзи дигар матраҳ мегардад ва ба шахси майхўрда намоз хонданро ҳаром шумурда, омадани каси майнўшидаро ба мавқеи намоз манъ мекунад.

3. ниҳоят дар ояти дигар машғул шудан ба қимор ва май нушиданро қатъиян манъ мекунад: «Эй, мўъминон, ҷуз ин нест, ки май ва қимор ва нишонаҳои маъбуди ботил фол ва тирҳои палид аз корҳои шайтон аст, аз он парҳез кунед, то растагор шавед (Сураи «Моида», ояти 90).

4. Дар куръони карим чандин оятҳои ба ҳамдигар вобаста ҳастанд, ки онҳоро носих ва мансухмегўянд, яъне бо нузули ояти дигар ҳукми ояти собиқ бекор шудааст.

Талабот ба тафсир ҳангоми мутолиаи Қуръон ҳамеша вуҷуд дощт. Ҳамин талабот аз бисёр ҷиҳат тафсирҳои бешумори Қуръонро ба вуҷуд овардааст, ҳам тафсирҳои мухтасар ва ҳам тафсирҳои муфассал.

Чигунагии тафсири Қуръон, мазмуни он ба мазҳабу равияҳои ислом алоқамандаст. Намояндаи ҳар равияву мазҳаб ба тариқи худ, мувофиқи ақидаи динии ҷараёну мазҳаби худ Қуръонро тафсир кардааст. Ҳатто дар доираи як ҷараён ҳам тафсирҳо вобаста ба таҳаввулоте, ки дар ин ва ё он давру замон ба миён омадаанд, фарқ доранд. Масалан, тафсирҳои ҳозираи ҷараёни суннӣ ё шиа аз тафсирҳои қадимаи ин ҷараёнҳо фарқи хеле зиёд доранд, ки сабаби ин фарқият, албатта, тағйиротҳои азими иҷтимоӣ, инкишофи илму техника мебошанд.

Аз байни тафсирҳои зиёди қадимаиу ҳозира, танҳо ду тафсир, ки ҳоло дар байни диндорони Ҷумҳурӣ шўхрати зиёд доранд, яке аз онҳо “Тафсири Ҷалолайн”, ки ба забони арабӣ аст ва дигаре “‘Тафсири Ҳусайнӣ”, ки ба форси – точикӣ аст. Барои намуна, мухтасари чанде аз сураҳо пешниҳод мешавад.

admin

  • Facebook
  • Google +

Quron kitob mp3

Karthikeyan Naa Chupuke

Её Талия Аномалия

Nora En Pure Dj Set Live From Gstaad Switzerland

Shu Yomonni Yaxshi Koraman Mp4

Vlado Kolenic Smooth Jazz

Меме Прямой Эфир

Alex Rasov Just To Be In Love Nv Hq Remix 2018 Duply

Never Meant To Be Hallman

Хоккей Чм По Хоккею 2014 1 4 Финала Россия Франция Гимн России

Ivan S Memories Craig Armstrong

Naomi Scott Speechleess

Мой Гора Любимый Родина Кавказ

Him Bam Too На Русском И Французскои

Don T Stop Now Crowded House

Cucurrucucú Paloma Javi

Данияр Эрматов Бир Туугандарым Хит 2018

Троїста У Полі При Дорозі Музиканти На Весілля

Запись Номер 17 Темно Темнее Еще Темнее Руский

Железная Дорога Три Кота

Eat Your Young Hozier

Another Reality Terra4Beat George Makrakis

Hartford Bridge Overture I Preludio Mary Terey Smith Zoltan Megyesi

История Любви Тамако

Welcome To Your Fate

Нишонаи Рустам 2019 Аспи Хутал Nishonai Rustam 2019 Aspi Khutal